Мавҷи хӯнам ҳар қадари тӯфон намо хоҳад шудан

Ҳақи шамшери ту рангинтар адо хоҳад шудан

Умрҳо шуд дар таманнои хиромат мурда ам

Хоки ман ойӣнаи об бақо хоҳад шудан

Аз тағофул чанд бандии парда бар рӯй баҳор

Чашм во кун ғунчаи бодом во хоҳад шудан

Дар дами мурдани маро бар зиндагӣ афсӯс нест

Ҳайфи домонат ки аз дастам раҳо хоҳад шудан

Қадар муштоқон бидон эй содаи рӯ каз ҷӯши хат

Бе нёзиҳои забон илтиҷо хоҳад шудан

Дар камӣни шуъла ҳар шамъи доғӣ хуфта аст

Ҳар куҷои тоҷисти охири нақш по хоҳад шудан

Беталофӣ нест шавқам дар таку пўии висол

Даст агар кӯтоҳ шуд оҳам расо хоҳад шудан

Нашъаи обу гулу шухӣ банноӣ ваҳшатем

Доманӣ гар башиканӣ таъмир мо хоҳад шудан

Дар биёбоне ки дил менолад аз бори ғамат

Гар ҳама кӯҳаст пои мол садо хоҳад шудан

Пухтагон яксар кабоби интизор хомӣ анд

Интиҳои ҳар чаҳ дидӣ ибтидо хоҳад шудан

Гар ба ин афсурдагӣ ҷӯшад ҷунуни эътибор

Баҳрро мавҷи гуҳари занҷир по хоҳад шудан

Ҷодаи сари манзили таҳқиқи мо пӯшида нест

Нақши по то хоки гаштан раҳнамо хоҳад шудан

Даврӣ аз дилдори нанги иттиҳод маънавӣ аст

Мавҷи мо бо гавҳар аз гавҳар ҷудо хоҳад шудан

Серумаи сад нргсстон ибратаст аҷзои мо

Хок агар гирдем чандини чашм во хоҳад шудан

Нестам бедил чу тухм аз хоксории ноумед

Охир ин афтодагӣҳоем Асо хоҳад шудан