Ҳаёро дастгоҳи хўдпсндиҳоӣ тоқат кун

Арақ дар саъии резу сарфи таъмир хиҷолат кун

Дарин баҳри обрӯеи ғайри забт худ наме бошад

Чу гавҳари пой дар домани кашу сомон иззат кун

Надорад мағзи тамкин аз хаёл мекашӣ бигузар

Ба буии бодае чун пунбаи мино қаноат кун

Ба маҳрӯмӣ кашад то кӣ гронхизӣ чу мижгонат

Тамошо меравад аз дида чун назора суръат кун

Ҳубобат аз шикасти оғӯш дарё мекунад иншо

Ғубори аҷз агар бар хбс болад ноз шавкат кун

Алоҷи чашм худбин нест ҷузи мижгони баҳам бастан

Чу ойӣна намадро пунбаи ин доғ кулуфт кун

Ба навмидии дил аз занги ҳавасҳо пок ме гардад

Гараш сайқал кунӣ аз судани даст надомат кун

зи мушти хоки ғайр аз саҷдаи корӣ бар наме ояд

Ибодат кун ибодат кун ибодат кун ибодат кун

Дил ҳар зарраи ӣнҷо чун ту ҷонӣ дар бағал дорад

Мноз эй бихбри чандин , мурувват кун , мурувват кун

Ба эҳсони резиши абри карам мавқе наме хоҳад

Гирифтам қобил раҳмат набошам боз раҳмат кун

Дар ӣнҷои саъии ғаввос аз садаф во мекашад гавҳар

Ту ҳам бории дили мо вошкоФ ӯро зиёрат кун

Сбкрўҳисти бедил маҳмил андоз парвозат

Фсрдн то ба кӣ бо нолаи дардӣ рафоқат кун