Муҳӣти ҷилва ӯ мавҷ хезаст аз сароби ман
зи шабнами об дар ойӣна дорад офтоби ман
Ба таҳқиқ чаҳ пардозам ки аз найранги донишҳо
Далели ваҳдат хешаст ҳар ҷо дар ниқоби ман
Қаноати соғари ҳайрати ғам ва шодӣ наме донад
Чу шабнами гӯшаи чашмии сети минои шароби ман
Ғуборамро тапидан дорад аз завқи фанои ғофил
Ҳамон хокам агар ором гирад изтироби ман
Надонам бо кадомин зарра санҷам ҳастӣ худ ро
Ки дар вазни камӣ бисёр пеш ояд ҳисоби ман
Ба роҳат тӯҳматӣ дорам зи аҳволам чаҳ май пурсӣ
Чу махмали ҳам ба чашм дигарон дарёб хоби ман
Ба ҳар бе обрӯеи чашмаи ойӣнаи яъсам
Ки нақш ҳар ду олам шаста меҷӯшад зи оби ман
Ба ғайр аз нафии хеши исботи ъушрат мушкиласт ӣнҷо
Каттонам пунба гардад то биболади моҳтоби ман
Ба тадбир дигар аз хоби ғифлат бар наме хезам
зи ҳам Пошидани аъзо магар бошад гулоби ман
Ба перӣ чун саҳар рафт аз серуми савдои ҷамъият
Варақ гирданд охири рабти аҷзо аз китоби ман
Дарин маҳфил надорад ҳечкас хӯни гармии улфат
Магар аз биксӣ бар ахгарии часбади кабоби ман
Тиҳӣ аз худ шудани бедил ба бемағзӣ кашид охир
Дарин дарёи пар аз худ буд чун гавҳари ҳубоби ман