Хами қомати набарди иброми табъ сахт кӯш ман
Гарон шуд зиндагӣ аммо намеуфтад зи дӯши ман
Тасаллӣ куштаам чун мӯи ҷи гавҳар лек зини ғофил
Ки хокаст инки май нӯшади забони баҳри нӯши ман
Ғами умр талаф гардӣда то кӣ боядам хӯрдан
з ҳар имрӯз шомӣ дорад истиқболи дӯши ман
Чунин девонаи ёди биногваш ки ме бошам
Ки гӯши субҳи маҳшар пунба дорад аз хурӯши ман
Гиребон боядам чун гул дарид аз лаб гушӯдан ҳо
зи вазъи ғунчаи ҳарф офият нишнид гӯши ман
Чаҳ мекардам агар бепарда мекардам тамошоят
Туро дар хона ойӣна дидам рафт ҳуши ман
Нишондан нест осони ҳамчуи мавҷи гавҳар аз поем
Муҳӣт азсргзшт осуд то икқтраҳи ҷӯши ман
Ба рангӣ безабонам дар адабгоҳи нигоҳ ӯ
Ки гирди серума фарёдӣаст аз вазъ хамӯш ман
Қиёмат буд агар худро чунин олӯда ме дидам
Марои азчшми худ пӯшеди фазли айби пӯши ман
намедонам шукуфтан то куҷо хирман кунам бедил
Саҳар дар ҷайб меояд табассуми глФрўши ман