Чист гардуни коинқдр дар халқи ғавғои рехта

Сарнигӯни ҷомӣ ба хоки тираи саҳбои рехта

Гирди мо сад бор аз саҳрои имкон рафта анд

То қазои рангӣ барои номи анқои рехта

Оҳ аз ин ҳирси ҷунуни ҷавлон ки аз саъии амл

Хоки дунёи барда ва бар фарқи ъқбои рехта

Қатъи умед қиёмат кун ки поси муддао

Дар ғубори даии ҳазор имрӯзу фардои рехта

То ниФшонӣ ба сари хоки биёбони умед

Ҷамъ натавон кард об рӯй сад ҷои рехта

Зери девор ки бояд миннат роҳат кашид

Сояи мӯи ҳам шабихун бар сари мо рехта

Ҳасрати таъмири бунёд қаноат доштем

Хоки моро карда гули оби рухи мо рехта

Гар муруввати машрабӣ бо чини пешонии мсоз

Аз тнки рӯеи дами шамшери хӯнҳо рехта

Аз азали гмгштаҳи оғӯши яктои туам

То ба кӣ ҷӯям кафи хокӣ ба дарёи рехта

То з ҳар узвами суҷуди остонат гул кунад

Пайкарӣ чун об мехоҳам саропои рехта

То туоне бедил аз таъзими дил ғофил мабош

Шишагар нақди нафас дар ҷайби анқои рехта