Табассуми қобил чокӣ нашуд номӯси урёнӣ

Хаҷал кард охир аз рӯй ҷунунам бе гиребонӣ

Чу болу пари кушояди ваҳшат аз сози ҷунуни ман

Садо умрӣаст дар занҷир тасвираст зиндонӣ

Надонам Машҳади теғ хаёл кист ин гулшан

Ки шабнами крдглҳоро ниҳон дар чашми қурбонӣ

Ба роҳ ӯ нахустин гоми моро саҷда пеш омад

Ту эй ҳасрати қадам май зан ки мо судем пешонӣ

Ба ҷои шуъла аз мо оби нам хӯн карда ме ҷӯшад

Чу ёқӯти оташи моро ҳаё карда сети домоне

Биёи зоҳид агар ҳиммат диҳад сомони тавфиқат

Биомуз аз шарори коғази мо сбҳаҳи гирдоне

Канори васл маъшӯқаст гирди хеши гардидан

Тавон кардан ба ин гирдоби дарёро гиребонӣ

Муҳаббат нест оҳангӣ ки офат ҷӯшад аз созиш

Гусастан бар намеояд ба зуннори сулаймонӣ

Сари қатъи таъаллуқи дорӣ аз девонагӣ магзар

Басаст ойӣнаи дори ҷавҳари шамшери урёнӣ

Ба ин сомони ваҳшати он қадри мушкил наме байнам

Ки гардад сояам чун дида оҳӯ биёбоне

Неам навмед агар гирди сари шамъат наме гирдам

Пари парвона Эй дорам бақадр ранги гирдоне

Ба найранги хаёлаши он қадр ҷӯшидаам бедил

Ки дар ранги ғуборам метавон зад хомаи Монӣ