Дорам зи нафаси нола ки ҷаллоди ман ин аст
Дар ваҳшатам аз ъмркаҳи сайёди ман ин аст
Бардошта чун бӯи равони донаи ашкӣ
Овораи дашти тапишам , зоди ман ин аст
Мадҳуши тғолкдаҳи абрӯии ёрам
Ҷомӣ ки маро май барад аз ёди ман ин аст
Чун субҳ ба гирди Роми фурсати нафасами сӯхт
Он серума ки шуд раҳзани фарёди ман ин аст
Сангӣ ба ҷигар бастаам аз сахтии айём
Ойӣнааму ҷавҳари фӯлоди ман ин аст
Ҳам суҳбат . Бахти сияҳ аз фикри баландам
Дар боғи ҳаваси сояи шамшоди ман ин аст
Чашмӣ нашуд ойӣнаи кайфияти рангам
Шахси суханам , сӯрати бунёди ман ин аст
Дорам ба дил аз ҳастӣ - мавҳуми ғуборӣ
эй сайли биёи хонаи ободи ман ин аст
Ҳар нола , ба ранг дигарам , май барад аз хеш
Дар мактаби ғам , силии устоди ман ин аст
Даст мижа бардоштанам , арз таманност
Ҳайрат задаам шухии фарёди ман ин аст
Аз улфати дил чора надорам чаҳ тавон кард
Дому қафаси тоири озоди ман ин аст
Бо ҳар нафасами лухт дилӣ меравад аз хубаш
Ҷон мекунам . Ва тешаи Фарҳоди ман ин аст
Ҳар ҳарф ки ояд басаи лабами ном ту бошад
Аз нусха ҳастӣ , сабақи ёди ман ин аст
Гардӣ шавам вгўшаҳи домони ту гирам
Гар бахт ба фарёд расад дод ман ин аст
Чун ашки з сргштӣ ам нест раҳоӣ
Бедил чаҳ кунам нашъаи эҷоди ман ин аст