Аҳмади мурсал ки аз ӯ зинда ем
Аз дилу ҷон бар дар ӯ банда ем
Мазҳари алтофи ҳақи Аҳмад буд
Маънии авсофи ҳақи Аҳмад буд
Аз аҳади Аҳмад шуда як мем фарқ
Ақл дар он мем шуд аз фикри ғарқ
Оҷиз аз авсоф вай омад забон
Душман ӯро ҳама ояд зиён
Феъл ҳақ омад ҳамаи афъол ӯ
Дар сафи маҳшари нигари иҷлол ӯ
Бар сар халқ омад ва шуд чун табиб
Дар бар ҳақи ном вай омад ҳабиб
Гар кунад ӯ гӯшаи чашмӣ ба мо
намешавад аз мо ҳамаи розии худо
Ҳоҷат аз ӯ гир ва аз ӯ ҷӯи маҷол
Ҳиммат аз ӯ хоҳу шӯи осӯдаи ҳол
Давлати венаро буд аз ӯ низом
Бод бар ӯ ҳар дам аз эзади салом