Шаб сиёҳ бидон зулфакон ту монад
Сипеди рӯз ба покии рухон ту монад
Ақиқро чу бсоинди неки судаи гарон
Ки обдор буд , бо лабон ту монад
Ба бӯстони мулӯкони ҳазор гаштам беш
Гули шукуфта ба рухсорагон ту монад
Ду чашми оҳӯ ва ду наргиси шукуфтаи бабор
Дуруст ва рост бидон чашмакон ту монад
Камон Бобулён дидаму тарозии тир
Ки бар кашида шавад , ба абрувон ту монад
Туро ба сарви ин боло қиёс натавон кард
Ки сарвро қад ва боло бидон ту монад