Дар ишқ ба ҷуз бало надиданд

Ҷузи дарди дил ва ъно надиданд

Чндонки пай вафо супурданд

Ғайриаз ситам ва ҷафо надиданд

Гаштанд ба теғи ғуссаи мақтӯл

Дар фурқату хӯн баҳо надиданд

Ҷону дили хешро замонӣ

Аз меҳнату ғам раҳо надиданд

Дар дасти балои ишқи худ ро

Ҷузи оҷиз ва мубтало надиданд

Гаштанди басии дарин биёбон

Саргашта ва раҳнамо надиданд

Бисёр дарин талаб бамурданд

Аз дарди дил ва даво надиданд