Чун боди сабо аз он парӣ вааш
Ин қисса шунид шуд мушавваш
Омад сӯии ошиқи ҷигарсӯз
Гуфташ суханони он дили афрӯз
Ҳарфӣ чу расед аз он ба гӯшаш
Бараданда ошиқии зи ҳушаш
Умед ба ҳуш бозаш оварад
Дар доира ниёзаш оварад
Бо бод ба сад фиғону зорӣ
Гуфт аз сари аҷзу хоксорӣ
К-эии пайки сабки рӯи саҳархез
Дасти ману доман ту бархез
Башитоб зи гирди раҳ дигар бор
ӯро зи ман ин паёми бгзор