эй фикри маҳолат аз куҷо хост

Фикрӣ накунӣ ки ин чаҳ савдост

Он дам ки сабо ба фоли фаррух

Омад з бар ту эй парии рух

Ҷонро зи фараҳ ба бод додам

Бар дил дар хуррамии кушодам

Гуфтам магар эй бути хатое

Бар ман накашӣ хати ҷудоӣ

Чун номаи шавқ ман бихонӣ

Бар ман қалам ҷафо наронӣ

Дар хат машавӣу рухи намое

Вази банди ғамами диҳии раҳоӣ

Чун номаи пар аз вафо напечӣ

Дар саркашӣ ва ҷафо напечӣ

Огаҳи шӯй аз даруни ришам

Дил шод кунӣ ба васли хешам

Лекин чу паём ту шунидам

Ва он саркашӣ ва итоб дидам

Дидам ки сари вафои надорӣ

Майлӣ ба ман гадои надорӣ

Чун хомаи баромад аз серуми дӯд

Хуноби дилами з дида багушӯд

Кардам чу хати ту эй ситамгар

Аз дасти ғами ту хок бар сар

То чанд ба сари дувум чу хома

Як рӯз бихон маро чу нома

Бигушоӣ дилам чу хома аз банд

Бо васли даҳум чу номаи пайванд