Аз мо тамаъи висоли дорӣ
Алҳақ ҳавасии маҳоли дорӣ
Васлам натавон ба хоб дидан
Ин чист ки дар хаёли дорӣ
Ҷое ки сабо гузар надорад
Оё ту куҷои маҷоли дорӣ
Ҳайҳот ки кӯҳ барнатобад
Ин ғам ки ту эҳтимоли дорӣ
Гар худ ба мисли чу кӯҳи гардӣ
Кӣ тоқати ин ҷамоли дорӣ
Ошуфтау тира ҳол бошӣ
То майл ба зулфу холи дорӣ
Чанд ахтари бахти хештан ро
Дар уқдаи ин ваболи дорӣ