Бо пайки сабо чу ин ҳикоят

Гуфт он санам аз сари аноят

Дил шод шуду з ҷой бурҷаст

Нагирифт дамии қарор ва нанишаст

Оварад ба сӯии он балокаш

Пайғоми висоли он парӣ вааш

Гуфт эй ба каманди ғами гирифтор

Бахти ту зи хоби гашти бедор

Оҳи саҳари ту коргар шуд

Шохи тараби ту борвар шуд

Дилдор ба ҳоли ту назар кард

Сӯзи дили ту дар ӯ асар кард

Лекин агарат висол бояд

Кори ту зи сабр май кушояд

Бояд ки з сабр барнатобӣ

Каз сабри мурод дил биёбӣ

Ошиқ чу навид васл бишунид

Аз боди сабо чу гул бихандед

Шодяш фузуду ғусса кам шуд

Хоки раҳи бод субҳдам шуд

Лекин чу сухан ба сабри пайваст

Бар худ дар эҳтимоли дарбаст