Ман зони туам дигар чаҳ хоҳӣ
Ҷонони туам дигар чаҳ хоҳӣ
Ту булбули хуши навое ва ман
Бустони туам дигар чаҳ хоҳӣ
Гар зонка бирафт дили зи дастат
Ман ҷони туам дигар чаҳ хоҳӣ
Гар дарди ту буд аз ман акнӯн
Дармони туам дигар чаҳ хоҳӣ
Ман баъди зи роҳи лутф ҳар шаб
Меҳмони туам дигар чаҳ хоҳӣ
Ҳқо нашавад дамии фаромӯш
Паймони туам дигар чаҳ хоҳӣ
эй ибни имод аз дилу ҷон
Хоҳони туам дигар чаҳ хоҳӣ