Мо висоли ту ба зорӣ ва дуо ме талабем
Дардмандему зи лаъли ту даво ме талабем
Ҳамчуи ҳуҷҷоҷ ба эҳром дарат бастаи миён
Каъбаи кӯии ту аз роҳ сафо ме талабем
Ҳаркасӣ аз паии мақсӯди худ андар талабӣ аст
Ҳосил онаст ки мо аз ту туро ме талабем
Дидаи ҳрсўи нигарон ва ту ба хлўтгаҳи дил
Ту куҷоеу турои мо ба куҷо ме талабем
Дар насимӣ ки зи зулфи ту дамад мавҷӯдаст
Ончӣ аз роиҳаи бод сабо ме талабем
НФҳаҳи машки хато дар шикани турраи тест
Мо зи чини сари зулфат ба хато ме талабем
Ғарази ибни ҳисом аз рухи зебоӣ ту чист
Ғолиб онаст ки мо сунъ худо ме талабем