Бе ниёзии ту ва мо баҳри ниёз омада ем
Рафта будем зи кӯии туу боз омада ем
Рӯй дил дар тарафи зовия таҳқиқ аст
Мо бар ин рӯ [ ӣ ] на бар ваҷҳи муҷоз омада ем
Дӯши алтофи ту чун банда навозӣ ме кард
Гуфт : бози ой ки мо бандаи навоз омада ем
Бе ҷавози хати ту рафтан мо мумкин нест
Рқъаҳ эй даҳ ки ба умеди ҷавоз омада ем
То магари сарви қадат соя кашад бар сари мо
Сари қадами сохта аз роҳи дароз омада ем
Бастаи эҳроми раҳи каъбаи иқболи шумо
Ба сафо саъй намӯда ба ҳиҷоз омада ем
Тоқи абрӯии ту пайвастаи маро дар назараст
Назарӣ кун ки ба миҳроби намоз омада ем
Магузорем ба доғ аз ту [ чу ] шамъ аз сари сӯз
Ғолиб онаст ки бо сӯзу гзоз омада ем
То ки Маҳмӯд шавад оқибатати ибни ҳисом
Ҷон фидо карда ба дидори Аёз омада ем