Агар чаҳ хиради шиносу мубсирам ба ҳадис

Ба хӯрдаи даҳанати раҳ наме барам ба ҳадис

Хаёли сарви қадатро хаёлҳо бастам

Сухан дароз шуд ва ман муқассирам ба ҳадис

Хаёли ҳасани ту сӯрат наме тавонам баст

Ба ваҷҳи аҳсан агар чаҳ мусаввирам ба ҳадис

Ба сафи абрӯии шӯхи ту пай наёрам барад

Агар чаҳ дар сафи маънии камони варам ба ҳадис

Баёни он лаби ширин наметавонам кард

Ба нутқ агар чаҳ намӯдори шукрам ба ҳадис

Аз он Мадина ки дар ваии зулол илм диҳанд

Ғуломи машраби соқии кавсарам ба ҳадис

Ҳазор қнтраҳи ибни ҳисом дар роҳ аст

Магар ба манзили мақсӯди раҳ барам ба ҳадис