Дило бори гарон бар гардани ҷон
Манеҳ чандон ки чандоне наярзад
Ба сим ва зар машав бисёр моил
Ки онҳо кандан конӣ наярзад
Таоми чарбу ширини салотин
Ҷавоби талх дарбоне наярзад
Ба кунҷи бандагӣ озод биншин
Ки малики Миср зиндонӣ наярзад
Марои хезади зи баҳри дили гуҳарҳо
Ки ҳар як зон кам аз ҷонӣ наярзад
Вале бо ҳиммати асҳоби давлат
Ба қимати гавҳарӣ ноне наярзад
Дареғи ибни ямини ҷоӣикаҳи онҷо
Ду сад доно бнодонӣ наярзад