Зиҳии аблаҳ касе каз баҳри мурда
Кунад бо зиндагони аҳди худ ҷанг
Касе кӯ боз нашносад бад аз нек
Буд воҷиби гурез аз вай ба фарсанг
Ба тоҷи хусравӣ кӣ нозад он кас
Ки аз тобути ёди орад ба авранг
Мароеи зистан дар пеши халқон
Буд тазвир назд аҳли фарҳанг
Ту то дар банди ном ва нанг бошӣ
Нахоҳӣ бозрасат аз маҳбаси танг
?герати осоиши кунин бояд
Бибояд шасти даст аз ном ва аз нанг
Назари ибни ямини гӯйӣ барин дошт
Ки бар зад шишаи тазвир бо санг