эй афзали замона ки дар арсаи замин

Афроштаи зи рой ту шуд рояти камол

Машну ҳикояти ду се оҳод аз онкӣ ҳаст

Нуқсони ақли яксара дар ғояти камол

Донам ки нашнавӣ з чаҳ рӯи з онкӣ манзиласт

Дар шаъни ақли вофири ту ояти камол