Як насиҳат бишинав аз ман кандарон набӯд ғараз

Чун кунӣ рои муҳиммии тҷрбт аз пеш кун

Тоъати фармони эзади шафқатӣ бар халқ ӯ

Дар ҳамаи ҳоли ин ду маъниро шиор хеш кун

Карт ар доими тавозуъ буд бо хӯрду бузург

Мансабатгар бештар гаштаст акнӯн беш кун

Об дар ҳалқи заъифон аз карам чун нӯши соз

Мӯӣ бар андоми хасм аз бим ҳамчун неш кун

Гар такаббур мекунӣ бо хоҷагон сифла кун

Вар тавозуъ мекунӣ бо мардум дарвеш кун

Чун касе дард дилӣ гуяд туро аз ҳоли хеш

Гӯш бар дарди дили онъоҷз длриш кун

Маслиҳат аз шахси диндорони комили ақли ҷӯй

Машварат бо рои наздикони давр андеш кун