Чаҳор чизаст ойини мардуми ҳунарӣ
Ки мардуми ҳунарии зин чаҳор нест барӣ
Яке саховати табъӣ чу дастгоҳ буд
Ба никномӣ доим бубахшӣ ва бихӯрӣ
Ду дигари онкии дил дӯстон ниёзорӣ
Ки дӯст оина бошад чу андрў нигарӣ
Се дигари онкии забонро буқати гуфтани бад
Нигоҳдорӣ то вақти узр ғам нахурӣ
Чаҳоруми онкӣ касегар биҷои ту бад кард
Чу узр хоҳад номи гуноҳ ӯ набарӣ