Дилам аз ваҳшати танҳои шабҳо хӯн аст

Ғамам аз ҳасрати он чеҳра рӯзафзӯн аст

Бо ту шодам агарам ҷой ба дӯзахи бидиҳанд

Бе ту дар хулди барин хотири ман маҳзун аст

Дили маҷрӯҳи ман аз қатраи хӯн беш набӯд

Пас чаро доманам аз хӯни ҷигар Ҷайҳун аст

Баъди азинми сар ва корӣ набӯд ҳеҷ ба ақл

Оқил онаст ки аз ишқи Рахш маҷнӯн аст

Муддатӣ рафт ки аз ҳиҷри ту беморам ва ту

наменапурсӣ зи ман хаста ки ҳолат чун аст

Ту парешони магари он зулф мусалсал кардӣ

Ки парешонеи ошуфтаи дилон афзӯн аст

Ба тамошои гулистон ва гулам нест ниёз

Ки канор ва барам аз лухти ҷигар гулгун аст

Ба дарой аз ду ҷаҳон ва ба фароғат биншин

Олами ишқи азин ҳар ду ҷаҳон берун аст

Нест нисбат , қади мавзуни туро ҳеҷ ба сарв

Сарви мавзун буд аммо на чунон мавзун аст

Дили илҳомӣ агар гашта парешон на шигифт

Ҳама донанд дили ғмздаҳ дигргўн аст