Дар ишқ агар роҳбарӣ дошта бошӣ

Он нахли баландӣ ки барӣ дошта бошӣ

Машкан дили кас бегунаҳигар ту бихоҳӣ

Ҷо дар дили соҳиб назарӣ дошта бошӣ

На чархи баринро сипар аз ҳам бишкофӣ

эй тири дуогар асарӣ дошта бошӣ

Хуршеди ҳақиқатнигарӣ дар ҳамаи заррот

эй дил ба худогар басарӣ дошта бошӣ

Бар соҳати афлоки парӣ аз қафаси тан

Аз ишқ агар бол ва парӣ дошта бошӣ

Чашм аз рухи ту бознигарӣам ки мабодо

Дуздидаи назар бо дгарӣ дошта бошӣ

Хушкида нагардад лабат аз гармии маҳшар

Илҳомӣ агар чашм тарӣ дошта бошӣ