Ҳануз боғи ҷаҳонро набӯд ному нишон
Ки маст будам аз он май ки ҷом ӯст ҷаҳон
Ба коми дӯст май меҳр дӯст ме хӯрдам
Дар он нафас ки зи ҷон ҷаҳон набӯд нишон
Ба чашми ёри рухи хуб ёр ме дидам
Дар он мақом ки мезистам ба ҷони касон
Табассуми лаби соқии маро шаробӣ дод
зи бодае ки шуд аз лутф ӯ қадаҳи хандон
Марои пиёла чу ҷоми ҷаҳон намо бошад
Бибин шароб чаҳ бошад , надим , худ майдон
Шароб дод марои соқӣ аз хмстонӣ
Ки ҷуръаи чин дар ӯст равзаи ризвон
Бисоти айши ман афканд дар гулистонӣ
Ки хокрўб дар ӯст ҳурӣу ғулмон
Дарин бисоти яке буд соғару соқӣ
Дарин мақоми яке буд мутрибу алҳон
Ки дид ҷом ки кори шароб ноб кунад ?
Ки дид май ки буд ҷом ӯ рухи тобон ?
Ҳам аз латофат май мегирифт ранги қадаҳ
Ҳам аз сафоӣ қадаҳ менамӯд бодаи аён
Сафои ҷоми бёмихт бо латофат май
Зуҳӯр ёфт азин имтизоҷи соғари ҷон
Дарин қадаҳи рухи соқӣ муъоина бинмуд
з ҳасан кард дусади ранги ошкору ниҳон
Чу ҳеҷ ранг надорад шароби мо , зи куҷо
Падед мешавад ин рангҳои бепоён ?
Магари шароб ба ҷоми ҷаҳон намо доданд
Ки май намояд аз аҷроми ҷом , ин алвон ?
Аз онкӣ нест муқайяд ба ҳеҷ ранги он май
Баҳри сифат ки буд ҷом бар занад сар аз он
Гуҳӣ ба гӯнаи маъшӯқ ошкор шавад
Гуҳӣ ба гӯнаи ошиқ чу навбаҳору хазон
зи акси равшани он бода мешавад равшан
Ҷаҳони тира кунун дам ба дами замон ба замон
зи акс май чаҳ аҷабгар ҷаҳон мунаввар шуд ?
Ки маи зи тобиш хуршед мешавад рахшон
Ба буии ҷуръа кунун солҳои гӯногӯн
Мӣӣ падед шавад аз сарои ғайб дар он
Ҳамаи ҷаҳони з май ишқ ёр сармастанд
Валек мастӣ ҳар маст ҳаст дигрсон
Наёфт ҳеҷ насиб аз ҳаёт онкӣ наёфт
Азин шароби насиб , аз ҷамод то ҳайвон
Чунин шароби фалак чун ба ҳафт ҷом хӯрд
Аҷаб набошад агар мешавад ба сари ғалтон
Чу соқии маи нави соғарӣ наад бар каф
Ҳам аз барои ма ва меҳр меравад хандон
Азин шароб агар ҷуръа бар замин начакад
Чаро шукуфа кунад боғу бушковади бустон ?
Шигифт нест ки гули ранг ва буи ме дорад
Вагарнаи булбули бедил чаро занад дастон ?
Вагарнаи наргиси махмури ёр сармаст аст
Чаро кунад ба ҷаҳон дар харобии он фаттон ?
Сириштаанд з май тинатами вагарна чаро
Ҳамеша масту харобами зи ғамзаи ҷонон ?
Вагарнаи мардумаки чашми оннигор манам
Чарост номи ман аз ҷумлаи ҷаҳони инсон ?
Чу бар забони ироқии ҳадис ишқ равад
Бирав мгир , ки Андам на он ӯст забон