намебиовар соқио , то хештанро кам занем
Кори худ чун зулфи хубон дар ҳам ва барҳам занем
Аз сари мастии ҳама дарёӣ ҳастӣ бар кашем
Фориғ ойем аз худ ва ҳар ду ҷаҳонро кам занем
Бугсалем аз ҳам таноби хаймаи ҳафт осмон
Хаймаи ҳиммати варои нилгун торам занем
Лоиқи майдони мо чун нест на гӯии фалак
Шояд ар чавгони зулфи ёри хам дар хам занем
Ҷоми Кайхусрав ба каф дорем пас шояд ки мо
Дам ба дам дар базми васли ёри ҷом ҷам занем
Чун даройад аз дар ӯ , дар поиш андозем сар
Даст дар зулфи дарозаши гоҳ гоҳе ҳам занем
Хок рӯйем аз сари кӯяш ба ҷоруби вафо
Вар бимонад грдкӣ , аз дида ӯро нам занем
Пой чун рӯҳи алқудс бар дида сӯрат наҳем
Оташӣ аз сӯзи дил дар сангар одам занем
Хирман ҳастӣ ба бод бениёзӣ дар диҳем
Даст дар фитроки соҳиби ҳиммат аъзам занем
Шайхи раббонии бҳоء алҳақ волидайни онкии мо
Бӯса бар хок дараш чун қудсён ҳар дам занем