Маро , гарчи зи ғам ҷон ме барояд
Ғами ишқати зи ҷонам хуштар ояд
Дарин тиморгар як дами ғами ту
Напурсад ҳоли ман , ҷонам барояд
Марои шодӣ гуҳӣ бошад дарин ғам
Ки андӯҳи туам аз дар дар ояд
Марои як зарраи андӯҳи ту хуштар
Ки як олами пар аз сим ва зар ояд
Агарчӣ ҳар касе аз ғами гурезад
Маро чун ҷон , ғами ту дархур ояд
Маро дар сина тобанда ту
Басии хуштар зи об кавсар ояд
Чу сар дар пои андӯҳи ту афканд
Ироқӣ дар ду олам бар сар ояд