Об ҳайвонаст , он лаб , ё шукр ?
ё сиришта оби ҳайвон бо шукр ?
Не хато гуфтам : куҷо лиззат диҳад
Оби ҳайвони пеши он лаб ё шукр ?
Кас нагӯяд нӯши ҷонҳоро набот
Кас нахонд ҷони ширинро шукр
Лаъли ту шукр тавон гуфт , ар буд
Кавсару таснӣми ҷонафзо шукр
Қӯт ҷонасту ҳаёти ҷовдон
Нест ёри лаъли ту танҳо шукр
эй ба рашк аз лаъли ту оби ҳаёт
Ваии хаҷал зон лаъли шкрхои шукр
Вомиқ ар дидӣ лаби ширини ту
Худ нҷстӣ аз лаби узрои шукр
Номи ту то бар забони мо гузашт
Май гудозад дар даҳони мо шукр
Аз лабу дандони ту дар ҳайратам
То гуҳар чун мекунад пайдои шукр ?
То даҳонати шкрстони гашту лаб
Дар ҷаҳон тангаст чун дилҳо шукр
Ман чаро савдое лаълат шудам
Аз мизоҷ ар май баради савдои шукр ?
Гирди лаъли ту ҳаме гардад набот
Не , тамаъ дорад аз он лабҳо шукр
Гирд бар гирди лаби ширини ту
Тӯтӣони байни ҷумлаи сар то пои шукр
Лаълу гуфтори ту бо ҳам дар хур аст
Бошад ореи нойиби ҳалвои шукр
Табъи ман ширин шуд аз ёди лабат
эй аҷаб , чун мешавад дарёи шукр ?
Лафзи ширини ироқӣ чун лабат
намефишонд дар сухан ҳар ҷои шукр