На аз ту ба ман расед бӯе

На васл туам намӯд рӯе

Андешаи ҳиҷри дарднокат

Овехтаи ҷони ман ба мӯе

Савдои ту дар дилам фиканда

Ҳар лаҳза ба тозаи ҷусту ҷӯӣ

Бо онкии зи гулшани висолат

Донам нарасад ба бандаи бӯе

Лекин шудаам ба орзӯи шод

Мазори ту , кам зи орзӯе

Савдои маҳол дар димоғам

Афганда ба ҳарзаҳоиу ҳўиӣ

Дода сари хешро ироқӣ

Зери хами зулфи ту чу гӯйӣ