Кашидам ранҷ бисёре дариғо
Ба ком ман нашуд корӣ дариғо
Ба олам , дар ки дидам боз кардам
Надидам рӯй дилдорӣ дариғо
Шудам навмед кандар чашми умед
Наомад хуби рухсорӣ дариғо
Надидам ҳеҷ гулзорӣ ба олам
Ки дар чашмам назд хорӣ дариғо
Маро ёрӣаст каз ман ёди норад
Ки дорад ин чунин ёрӣ ? дариғо
Дили бемор ман бинад напурсад
Ки чун шуд ҳоли беморӣ ? дариғо
Шудам садбор бар даргоҳи васлаш
Надодами бори як борӣ дариғо
зи андӯҳи фироқаш бар дили ман
Расад ҳар лаҳзаи тиморӣ дариғо
Ба сар шуд рӯзгорам бе рухи ту
Намонад аз умр бисёре дариғо
Напурсад аз ироқӣ , то бимирад
Ҷаҳон гуяд ки : мард , оре дариғо