Бо ишқи ту ноз дар нагунҷад

Ҷузи дарду ниёз дар нагунҷад

Бо дарди ту дард дар наёяд

Бо сӯзи ту соз дар нагунҷад

Бечора касе ки аз дар ту

Давр уфтаду боз дар нагунҷад

Бо доғи ғамати даруни сина

Ҷузи сӯзу гудоз дар нагунҷад

Бо ишқи ҳақиқӣат ба ҳар ҳол

Савдои муҷоз дар нагунҷад

Дар майкада бо ҳарифи қлош

Тасбеҳу намоз дар нагунҷад

Дар ҷилваи гуҳи ҷамоли ҳасанат

Хӯбии Аёз дар нагунҷад

Бо ёди лаби ту дар хаёлам

Андешаи газ дар нагунҷад

Онҷо ки равад ҳадиси васлат

Як муҳаррами роз дар нагунҷад

Вондм ки ҳадис зулфат уфтад

Ҷузи шарҳи дароз дар нагунҷад

Чаҳ ноз кунӣ ироқии ӣнҷо ?

Ҷони боз , ки ноз дар нагунҷад