Бо ишқи қарор дар нагунҷад

Ҷузи нолаи зор дар нагунҷад

Бо дарди ту дардисар набошад

Бо бодаи хумор дар нагунҷад

Ман бо ту сазад ки дар нагунҷам

Бо дидаи ғубор дар нагунҷад

Дар дил накунӣ мақом яъне

Бо қалби айёр дар нагунҷад

Дар дидаи хаёл ту наёяд

Бо обнигор дар нагунҷад

Бӯсӣ надиҳӣ ба танзу гӯйӣ :

Бо бӯсаи канор дар нагунҷад

Бо чашми ту шояд ар бубинам

Бо ҷоми хумор дар нагунҷад

Онҷо ки манам ту ҳам наганҷӣ

Бо лайл наҳор дар нагунҷад

Шуд ори ҳамаи ҷаҳони ироқӣ

Бо фахри ту ор дар нагунҷад