эй зада хаймаи ҳудусу қадам
Дар саропардаи вуҷӯду адам
Ҷузи ту каси воқифи вуҷӯд ту нест
Ҳам туе рози хешро муҳаррам
Аз ту ғоиб набӯдаам як рӯз
Вази ту холӣ набӯдаам як дам
Он гуруҳе ки аз ту бохабаранд
Бар ду олам кашидаанд рақам
Пеши дарёии кибриёӣ ту ҳаст
Ду ҷаҳон кам зи қатрае шабнам
Бе вуҷӯдати ҷаҳон вуҷӯд надошт
Аз ҷамол ту шуд ҷаҳони хуррам
Чун таҷаллӣаст дар ҳамаи кисват
Ошкораст дар ҳамаи олам
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
То маро аз ту додаанд хабар
Аз худам нест огаҳии дигар
Сар ба девонагӣ бар оварадам
То ниҳодам ба кӯии ишқи ту сар
То зи хок дар ту давр шудам
Ғарқаи гаштами миёни хӯни ҷигар
Хоки пои ту май кашам дар чашм
Дарси ишқ ту мекунам аз бар
Ҷузи ту кас нест дар сарои вуҷӯд
Назар инаст пеши аҳли назар
Гоҳи воҳид , гуҳии касӣри шӯй
Ин сухани ақл чун кунад бовар ?
Пеши арбоби сӯрату маънӣ
Ҳаст аз офтоби равшан тар
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
Гар шабии доманат ба дасти орм
То қиёмати з даст нагузорам
Гирди Кувайт ба фарқ май гирдам
Беш азин нест дар ҷаҳони корам
Гар маро аз сегон худ шимурӣ
Ҳар ду олам ба ҳеҷ нишморам
Чун хаёлӣ шудам зи танҳоӣ
То хаёли ту дар назар дорам
Кори ман ҷузи нишот ва шодӣ нест
То ба доми ғамати гирифторам
Чун ба ҷузи ту касе наме байнам
Ғайри азин бар забон наме орм
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
Ҳамаи олам чу акс сӯрат ӯст
Биҷуз аз ӯ касе надорад дӯст
Ба муҷози ин ва он наҳй номаш
Ба ҳақиқат чу бенгарӣ ҳама ӯст
Шуд сабуи зарфи об дар таҳқиқ
Аҷаб инаст коб айн сабуаст
Қатрау баҳри ҷуз яке набӯд
Оби дарё , чун бенгарӣ , аз ҷӯаст
Бар дилаши кашф кӣ шавад асрор ?
Ҳар ки розӣ шавад зи мағз ба пӯст
Дар Рахш рӯй дӯст май байнам
Майли ман бо ҷамол ӯ зон рӯаст
Гарчи худ ғайр ӯ вуҷӯдӣ нест
Лекини исботи ин ҳадис накӯаст
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
То маро дида шуд ба рӯй ту боз
Доман аз ғайр ту кашидам боз
Мурғи ҷони ман шикастаи дарун
Дар ҳавоӣ ту мекунад парвоз
Ишқи Фарҳоду талъати ширин
Сари Маҳмӯду хоки пои Аёз
Бикашигар з рӯй дилдорӣ
Гиреҳ аз кори ман гушойии боз
Ҳар нафас бо дили шикастаи ман
Сухани ишқ худ кунӣ оғоз
Дар ҳақиқат ба ҷуз ту нест касе
Гарчи пӯшидае либоси муҷоз
Гуфтам асрор ту бпушонам
Бар забонами равонаи гашти ин роз
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
Соқио , бода аласт биор
То ба мебашиканем ранҷи хумор
Он чунон мастам аз май ишқат
Ки з мастӣ намешавам ҳушёр
Бе камоли вуҷӯд ту набӯд
Ду ҷаҳонро ба ним ҷӯи миқдор
Ҳотиф ғайб гуфт дар гӯшам
Ки : ба таҳқиқ бишинав эй гуфтор
Аслу фаръи ҷаҳон вуҷӯд шумост
Лӣси фии ?илдор ғайрикам диёр
Бар забони фасеҳ май шинавам
Аз ҳамаи коиноти ин асрор
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
Ҳасани пӯшида буд зери ниқоб
Ишқи бардошт аз миёнаи ҳиҷоб
Ҳар ду дар рӯй хеш фитна шуданд
Ҳар ду бо ҳам шуданд масту хароб
Дар хароботи ошиқӣ бо ҳам
Ҳар ду хӯрданд беқадаҳ май ноб
Ҳар киро ҳаст дидаи бедор
Наравад чашми бахт ӯ дар хоб
Ҷузвро ҳаст сӯии кули рғиб
Қатраро ҳаст сӯй ӣам абвоб
Дидани ғайри ту хато бошад
Назар инаст пеши аҳли савоб
Чун ба ҷузи худ касе наме бинад
Зон ҷиҳат мекунад ба хеши хитоб
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест
эй зи акси рахти ҷаҳони равшан
Ба хаёли ту чашми ҷони равшан
Гашта аз рӯяти офтоби хаҷал
Шуда аз нурати осмони равшан
Ҳаст аз партави ҷамоли рахт
Аз макон то бломкони равшан
Ба забони шарҳ ишқ натавон гуфт
Ки намегардад аз баёни равшан
Гарчи худ ғайрро вуҷӯдӣ нест
Бар ироқӣ шуд ин замони равшан
Ки ба ғайр аз ту дар ҷаҳон кас нест
Ҷузи ту мавҷӯди ҷовдон кас нест