Марҳабо ! марҳабо ! муҳаббати дӯст

Каз дарун омадӣ , на аз роҳи пӯст

Дилам аз чзи ту хона холӣ кард

Бо ту савдоӣ лоуболӣ кард

То ғамати сокини дил ман шуд

Аз чароғи ту хона равшан шуд

Мо гирифтори доми ишқи тўоим

Ҳамаи сармасти ҷоми ишқи тўоим

эй ки ҳасани рахти дил афрӯз аст

Шаби мо бо хаёли ту рӯз аст

Ҳасанат аз равзаи ҷинони хуштар

Ёдат аз ҳарчӣ дар ҷаҳони хуштар

Ҳар ки дар сӯрати ту ҳайрон нест

Сӯраташ ҳаст , лекинаш ҷон нест

Ман чу дар оризи ту ҳайронам

Лавҳи маҳфӯз ишқ ме хонам

Дидае кони ҷамоли дида буд

Меҳри рӯят ба ҷон харида буд

Бо худ , аз бихўдӣ , туро байнам

Гар ту бо ман нае чаро байнам ?

Чун назар бар рухи ту май Фгнм

Май барад аз диёри ҷону танам

Ба касе гуфтани ин наме ёрам :

Ки туро нек дӯст ме дорам