Ошкоро ниҳон кунам то чанд ?
Дӯст медорамат ба бонги баланд
Дилам аз ҷони хеш даст бишуст
Баъд аз он дида бар рух ту фиканд
Ошиқони ту нек маъзӯранд
Зон ки набӯд касе туро монанд
Дидае кӯи рухи ту дида буд
Ба хаёли ту кӣ шавад хурсанд ?
Рӯй бинмо , назари ту бози мгир
Аз ман мустаманди зори нижанд
Бар тани мо ту ҳокимӣ , эй дӯст
Хоҳи роҳати расону хоҳи газанд
эй маломати кунони маро дар ишқ
Гӯш менашунӯд азинсони панд
Гарчи ман давр мондаам зи ?бирт
Бо хаёл ту кардаам пайванд
Он чунон дар дилӣ , ки пиндорам
Нозирам дар ту доим , эй дилбанд
Ту куҷое ва мо куҷо ? ҳайҳот !
эй ироқӣ , хаёл хира мабанд