Маро ба бода на боғ ва баҳор шуд боис
Баҳору боғ чаҳ бошад ки ёр шуд боис
Расида буд гули он сарв чун ба боғ омад
Биор май ки яке аз ҳазор шуд боис
Набӯд нола ӣ мурғи чамани зи ҷилва ӣ гул
Латофати рухи он глъзор шуд боис
Агар ба майкада рафтем узр мо бипазир
Ки бода хӯрдан моро баҳор шуд боис
Гар аз ту як ду се рӯзии ҷудо шудем маранҷ
Ки гардиши фалак ва рӯзгор шуд боис
Агар зи кӯй ту рафтам ба ихтиёр набӯд
Фиғону нола ӣ беихтиёр шуд боис
Ба маҷлиси ту фиғонӣ кашид таъни рақиб
Гули висоли ту бар захм хор шуд боис