Мо хешро бчнги маломат супурда ем

Аз лавҳи синаи ҳарфи саломат ситурда ем

Хӯн хӯрдаему ёд надомат накарда ем

Ҷон додаему ном ғаромат набарда ем

Андӯҳи рӯзи ҳиҷру балои шаби фироқ

Аз фитнаҳои рӯзи қиёмат шимурда ем

Ҳаргиз ба орзӯии дил аз соғари висол

Як ҷуръа бехумор надомат нахурда ем

Шуд солҳо ки зиндаи бъшқсти номи мо

Аз сад ҳазор санг маломат намурда ем

Маҷнӯни сифати бўодии меҳнати илм шуда

Дар роҳи дӯсти по ба аломат фишурда ем

Аз нолаҳои гарми фиғонӣ дар оташем

Вази оҳи сарди аҳли каромат фусурда ем