Дар мисатон задам то ҳол ҳушёрон шавад пайдо
Наҳафтум қадари худ то қимат ёрон шавад пайдо
Фалак эй кош бардорад з рӯй корҳо парда
Ки нақди зоҳидӣу ҷинс михўорон шавад пайдо
зи сайли фитна чун дар варта уфтад заврақ ҳастӣ
Дар он тӯфони саранҷом сбкборон шавад пайдо
Ҳавои зарра парвардан надорад офтоби ман
Ки истеъдод ҳар як зин ҳаводорон шавад пайдо
Агар маъшӯқ накушояд гиреҳ аз гӯшаи абрӯ
Ҳазорон уқда дар кор гирифторон шавад пайдо
Ба даври чашми мастат бода менӯшанд ва май тарсам
Ки ногуҳи фитнае дар базм михўорон шавад пайдо
Шароби лаъл дар ҷомаст ва ман дар саҷда саҳваст ин
Гузорамгар изори лола рухсорон шавад пайдо
Фиғонии бодаи пинҳони хур ки ҳақ аз ғояти раҳмат
намехоҳад ки кирдори гунаҳ корон шавад пайдо