Чашмати зи ҳоли мо чу назар боз ме гирифт
Ин шева кошкӣ ҳам аз оғоз ме гирифт
Дил аз баҳона ӣ ту забун шуд , чунин буд
Чун ё нуктаи дони сухан соз ме гирифт
Фарёди кас наме шинавии вар на оҳи ман
намешуд чунон баланд ки овоз ме гирифт
Ишқат ниҳон намонад ва маломат шудам дареғ
Он сабри кӯ ки парда ба сад роз ме гирифт
Бисёр пушт даст гузид аз хаёли хом
Он кӯи надидаи сабаби туро газ ме гирифт
Чун обгина дар дили ошиқ шикаст хӯрд
Ҷомӣ ки бо ту хона барандоз ме гирифт
На талхи бода ӣӣ ту фиғонӣ ки он ҳариф
Шукри зи дасти ғайр ба сад ноз ме гирифт