Дӯшам аз сӯзи фано бо қади хам ёд омад

Шамъ дар гиря шуду чанг ба фарёд омад

Бо ҳамаи сангдилӣ раҳм кунигар доне

Каз ғами ҳиҷри туами дӯш чаҳ бедод омад

Расми тороҷи харобӣ чу бидид абри баҳор

Гиряаш нолаи кунон бар гул ва шамшод омад

Аз хазони рехти ҷавонони чамани сарви магар

Каз чунон тафриқа аз ростӣ озод омад

Аҷал аз ҳиҷр ту мехост ки қатл омӯзад

Аз паии касби ҳунари ҷониб иршод омад

Дӯш рафтам ба харобот ва ба ҷомӣ шуд дафъ

Ончӣ аз даври замон бар дил ношод омад

Фонёи қатъи биёбони худӣ душвор аст

Магари он кас ки ба тавфиқ худодод омад