Мо ба майхонаи паии дафъи гуноҳ омада ем

Яъне аз зуҳди риёе ба паноҳ омада ем

Сар ба кунин наёрем фурӯ аз ду қадаҳ

Чу бигӯеми паии ҳишмату ҷоҳ омада ем

Рӯй чун бар раҳ майхона ниҳодем мазан

Таън бе роҳии мо чунки ба роҳ омада ем

Пери майхонаи магар даст бигирад ба карам

Вар на дар баҳри риёи ғарқи гуноҳ омада ем

Хасу хошоки ғаму ғусса чаҳ синҷид чун мо

Маст ва бе худ шуда бо оташу оҳ омада ем

Рӯзгор сияҳ оварад ба чашми сияҳат

Мо сияҳи хона ба он хонаи сиёҳ омада ем

Миннати хок дарат монда ба чашми фонӣ

Бор бардошта бо пушти дўтоаҳ омада ем