Мужда васл мерасад дар дили ман қарори кӯ ! ?

Ҳам нафасам ба нолаи бихўдии ихтиёри кӯ ? !

Дафъи ҷунуни ишқро хоҳем эй ҳакими ақл

То бикашӣ ба силсилаи ҳалқаи зулфи ёри кӯ ? !

Гуфтамӣ ар ғамӣ расад даст бигирадам хирад

Ишқ расед ақлро пеши ваии эътибори кӯ ? !

Чун гули хуши насими ман базми маро чу равза кард

Матлаби хўшнўои куҷои бодаи хушгувори кӯ ! ?

Пери Муғон ба хок агар ҷуръа фишонд аз қадаҳ

Ташнаи дилӣ ба майкада чун ман хоксори кӯ ? !

Хонаи тираи дилам бар хасу хор ҳиҷр шуд

Шуълаи шамъи васлро оташи он изори кӯ ? !

Сол дигар ки огаҳ аз ҳастӣ мо биор май

Гӯии ҳарифу майкадаи ҷуръаи кашони ёри кӯ ? !

Шарҳи фироқро магӯ гарчи рақами нмикнӣ

Табъи сухани тарозам аз меҳнати рӯзгори кӯ ? !

Лофи фано ҳаме занад фонии вагарна ин хатост

Синаи оташини куҷои дидаи ашкбори кӯ ? !