Чун шудаи шарманда рӯй офтоб аз рӯй ту
Бошад он пӯшиданаши рӯ дар саҳоб аз рӯй ту
Гул агар набӯд рахти пас вақти таъҷили хиром
Аз арақи баҳр чаҳ резон шуд гулоб аз рӯй ту
Лаълу рӯятро чу дидам гаштаам масти хароб
Маст аз лаълат шудам лекини хароб аз рӯй ту
Шамъи рӯят дар шабистон дид чун мурғи дилам
Сӯхт чун парвона бо сад изтироб аз рӯй ту
Рӯ намуданд анҷуми гардун чу афкандии ниқоб
Кӣ намояди он замони кФтди ниқоб аз рӯй ту
Май ба рӯяти нӯшам эй соқӣ ки ҳаргиз набудам
Завқ май акс ар науфтад дар шароб аз рӯй ту
Фонӣ аз ҷон шуд ҳасанро бандае ба зонка гуфт
« эй мунаввар гашта рӯй офтоб аз рӯй ту »