Ба мастӣ дар дилам гардад хаёл рӯй ёри имшаб

Ки созад ҳар замон дар гиряам бе ихтиёри имшаб

Ба ҳолами шамърогар дил бисӯзад гӯи сари худ гир

Ки дар ҳиҷрони маро то субҳдам инаст кори имшаб

Хаёли он парӣ дорад бидон ҳолам ки ме хоҳад

Ки рӯ бар кӯҳ ва саҳро оварам девонаи вори имшаб

Тамошоро шудаи ҳамсоягон бар бомҳо ҳайрон

Ки ин маҷнӯн дигар аз гиря гашта бе қарори имшаб

Агар оби сиришкам ғарқа созад носҳо аз панд

Забон кӯтоҳ кун моро дамӣ бо мо гузори имшаб

Малулам аз ҳаёт эй дили аҷаб каз корвони умр

Нахоҳад бар ғрибстон ба уқбои басти бори имшаб

Мадаи ҷоми шароб эй соқии даврон ки ме хоҳад

Ки аз ҷисми ҳазин фурқат гузинад ҷони зори имшаб

Ҳазорон шаб расед эй фонӣ аз ҳиҷрон ба рӯз аммо

Набинад рӯй рӯз ар худ буд чун ман ҳазор имшаб