Дил дар он зулф парешон расад ва биншинад

Ҳамчуи ашкӣ ки ба домон расад ва биншинад

Кӯи мурувват ки сумумӣ чу дарин дашт ояд

Бар сари хок шаҳидон расад ва биншинад

Буии пероҳани Юсуф ба ҷаҳон дар таку пӯст

Хуррами он дам ки ба канъон расад ва биншинад

Чун марӣзӣ ки нишинад дар бемористон

Бе ту назора ба мижгон расад ва биншинад

Нола чун нолаи булбул ғараз олуд мабод

Ки чу шабнам ба гулистон расад ва биншинад

Кӣ буд кӣ ки фасеҳии зи биёбони мурод

Бар дар каъба ҳурмон расад ва биншинад