Дар дидаи нигаҳ чун зи ту дар хӯн биншинад

Аз тнгдлӣ чун мижа берун биншинад

Бе боди дарин дашти ғубори раҳи Лайлӣ

Бархезад ва дар дида маҷнӯн биншинад

Он кас ки фиканд аз назари лутфи ту мо ро

Чун дидаи мо то мижа дар хӯн биншинад

Ин доғ чаҳ доғии сет ки дар ҷӯш фузӯнӣаст

Чун мавҷ ки дар сина Ҷайҳун биншинад

Ҳамроҳи аҷали ханда занон рафт фасеҳӣ

То чанд дарин маърака маҳзун биншинад