Бози дили овозаи зулф парешоне шунид

Қолаби фарсӯдаи ғами мужда ҷонӣ шунид

Заврақи чашмам ба хӯни ғарқи сет ва май рақсади зи завқ

Бози гӯйии муждаи ошӯб тӯфонӣ шунид

Ишқ дар рагҳои ҷони рақси нишот аз сар гирифт

Шуълаи шухии навиди бод домоне шунид

Дар дили захми шаҳидони ончӣ пинҳон дошт ишқ

Як ба як дӯш аз лаби чок гиребонӣ шунид

Сарнавишти доғи моро хонд пиндории Масеҳ

Каз лаби худ дӯши ҳарфи аҷз дармонӣ шунид

Ғунчаи мо зини гулистони шабнамӣ навбар накард

Солҳо афсонаи абрӣ ва боронӣ шунид

Солҳо худро фасеҳӣ дар раҳе гум карда буд

Шаби суроғи хешро бар хок майдонӣ шунид