Касе дар ин чамани асрори ранг ва бӯ фаҳмид

Ки шӯхи чашмии мурғони ҳарза гӯ фаҳмид

Бирав Масеҳ ва биёсо ки сари доғи маро

Касе ки лолаи ин боғ шуд накӯ фаҳмид

Кунад чу доираи сар дар суҷуди пои Фрмўш

Касе ки қимати як гоми ҷуст ва ҷӯ фаҳмид

Чунон ба даври ту расвои хосу оми шудем

Ки рози бодаи мо соғар ва сабу фаҳмид

Ғариби водии эмин чаро з рашк насӯхт

Ки дӯди шуълаи дарин дайр гуфтугӯ фаҳмид

Нахусти ҳарфи фасеҳии зи дарс мо инаст

Ки ҳар ки ҳеҷ нафаҳмид ҷумла ӯ фаҳмид