Ёди он рӯзӣ ки дар майхона соғар ме задем
Чун тиҳӣ май гашти даст аз ҷом бар сар ме задем
Хоҳи кунҷи байзаи хоҳии ошёни хоҳии қафас
Ҳар куҷо будем аз кунҷи талаб пар ме задем
Мақсади мо сайри гулхан буд варна кӣ чу хас
Дастро беҳуда дар дилҳои сарсар ме задем
Сина месудем чун мавҷ аз аташ дар ҳар сароб
Силии ҳиммат вале бар рӯй кавсар ме задем
Ҳамраҳи ризвон ба сайр хулд мерафтем ва лек
Санги нокомии ҳамон бар шох бебар ме задем
Чун чароғи беваи зан будем аммо аз ғурур
Сад шабихун ҳар нафас бар мавҷ сарсар ме задем
Дасти мо шуғл гиребон дошт зон дар баста монад
Боз мекарданд агар мо ҳалқа бар дар ме задем
Дар шаҳодатгоҳи ғами моу фасеҳии умрҳо
Захм мехӯрдему фоли захм дигар ме задем